ҲАНГОМИ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО 3 ЗОИРИ ТОҶИК ФАВТИД

Декабрь 22, 2008 09:08

                   Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имсол ҳангоми зиёрати Хонаи Худо дар Арабистони Саудӣ 3 нафар зоири тоҷик фавтид.                  Сухангӯи Вазори фарҳанги ҷумҳурӣ Гулаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки фавти зоирини тоҷик паҳлӯҳои дигар надошта, алоқаманд ба саломатии эшон аст. Имрӯзҳо гурӯҳи корие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар Арабистони Саудӣ фаъолият доранд, ҷиҳати беҳдошти саломатӣ ва шароити зисти зоирин дар ин кишвар тадбирҳои судманд меандешанд.                   Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ 5 ҳазору 120 нафар аз Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтаанд. Ба ин шумора табибон, роҳнамоён ва намояндагони дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ низ шомиланд.

Декабрь 22, 2008 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд