ҲИССАИ БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ММД БОЯД ТО 55 ФОИЗ АФЗОИШ ЁБАД

Декабрь 11, 2008 15:27

                                                                                                         Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 11-уми декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Дастгирии давлатӣ ва роҳҳои бартарафсозии монеаҳои рушди бахши хусусӣ» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои бахши хусусию соҳибкории мамлакат ширкат варзиданд.  Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр ҳадаф ва зарурати баргузории мизи мудавварро шарҳ дода, зикр кард, ки дар давоми солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки иқтисодиёти кишварҳои абарқудрат ба бӯҳрони молиявӣ мувоҷеҳ гаштааст, моро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори имконпазири ин омил ба рушди устувори соҳаҳои воқеии истеҳсолот ва дастгирии ҳамаҷонибаи бахши хусусӣ аҳамияти бештар диҳем.           Ҳукумати ҷумҳурӣ омодааст, ки дар оянда низ оид ба озодасозии иқтисодиёт (либерализатсия), нисбатан содда гардонидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявии бонкӣ, суғурта ва дигар сохторҳои бозаргоние, ки барои дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ заруранд, тадбир андешад.           «Татбиқи амалии тадбирҳои ҳавасмандсозии бахши хусусӣ барои афзун намудани ҳиссаи ин бахш дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат менамояд. Масалан, агар дар соли 2006 ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли ММД 43 фоиз ва дар соли 2007-ум 48 фоизро ташкил намуда бошад, пас, тибқи талаботи дар «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2007-2009» пешбинишуда, то охири соли 2009 ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД бояд то 55 фоиз афзоиш ёбад», — идома дод А. Ашӯр.          Ӯ афзуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва иқтисодӣ оид ба барқарорсозӣ ва тақвият додани дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна андешида мешавад. Аз ҷумла, қонуну қарорҳои «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ташкилотҳои хурди молиявӣ», «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол», «Дар бораи сармоягузориҳо», «Дар бораи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва ғайра метавонад кӯмак расонад.         Дар масъалаҳои вобаста ба низоми иҷозатномадиҳӣ пешравии назаррас мушоҳида мешавад. То вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ 32 намуд ва 1000 зернамуди фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошт, ки барои татбиқи он гирифтани иҷозатнома лозим буд. Мутобиқи Қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шумораи дархосткунандагони иҷозатнома то 59 адад кам карда шуда, расмиёти бақайдгирӣ нисбатан содда карда шуд, — тазаккур дод муовини аввали вазир. Бояд зикр кард, ки бо мақсади рушд ва дастгирии соҳибкорӣ, «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки татбиқи он ба рушди бахши хусусӣ ва афзоиши минбаъдаи ҳиссаи ин соҳа дар ташаккули ММД мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 11, 2008 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад