Ҳ.МАНСУРОВ –ДУХТУРИ ХУДОДОД

Декабрь 23, 2008 16:39

             Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Вақте, ки мегӯянд «духтури худодод», дар назар меояд  духтуреро, ки бемор ба ӯ эътимоди комил дорад. Барои ман ин гуна духтур академик Ҳомид Ҳусейнович Мансуров мебошад. Нисбат ба хабарнигорон баъзан мӯяд: «Гургро пойҳояш мехуронанд». Яъне ин маънои онро дорад, ки ин касб водор месозад кӯшиш ва ҳаракатҳои зиёд намоянд-зеро солҳои гузашта телефонҳои мобилӣ ва компютерҳо набуданд, ки имрӯз бисёр рӯзноманигорон иттилооттро ба воситаи онҳо ба даст меоваранд. Маълум аст, ҳаёти пурташвиш ва давутози ҳаррӯза сабаби бенизомии хӯрокхурӣ гашта, оқибат одамро ба бемориҳои захми меъда гирифтор месозад.           Борҳо ман  дар қабули профессор  Мансуров будам. Ӯ вақте, ки шиками маро маҳс мекард, ман бо диққат ба дигаршавии авзои ӯ менигаристам.  Агар, ки дар рӯяш ягон тағйирот дида намешуд, ман осуда будам, ки ҳамааш хуб аст. Духтур реҷаи муолиҷаи худро ба ман таъин мекард, маро бо дору  «сер мекард» лекин баъд аз як ҳафта ман ин реҷа ва тартиби хӯрокхуриро вайрон мекардам. Ба ман омад кард, ман на танҳо ба Ҳомид Мансуров бемор, балки мусоҳиб будам.         Баъзан ин гуна сӯҳбатҳо 1,5-2 соат давом мекарданд. Маро на танҳо фикрҳои афсонавии вай, балки суханрониҳои зиёинаи ӯ бо забони русӣ ҷалб менамуд. Ба хусус, ёдовариҳои ӯ аз вохӯриҳояш бо мутахассисони бемориҳои узвҳои ҳозима ҷолиб ва муҳим буданд.        Ман ҳама вақт қадр мекардам ва қадр мекунам ақидаҳои ӯро оид ба  проблемаҳои илм ва ҳаёти шахсиаш. Баҳори соли 2008 мо якҷоя аз толори маҷлисҳои Академияи улум, ки ҷаъмомади солона баргузор гардида буд, баромадем. Дар он Ҳомид Мансуров забони адабии тоҷикиро ҳимоя намуда, қайд кард, ки забоншиносон ба ҷои дастгирӣ намудани саҳми Садриддин Айнӣ дар ғановат ва ҳимоти забони халқ, ба ворид гардидани калимаҳо ва иборахои арабӣ, афғонӣ, эронӣ ва ибораҳои дигар роҳ медиҳанд.          Ногаҳон ӯ пурсид: «Олег Соболев, ман китоби Шумо «Очеркҳо дар борои олимони Тоҷикистон»-ро хондам. Гӯш кунед, дар он сухан дар бораи бисёр самтҳои илмӣ меравад». «Ҳо, — ман ҷавоб додам, — дар он ҷо дар бораи роҳҳо ва дастовардҳои илмии 18 академик, ки 16 самти  имлмирро фаро гирифтананд, гуфта мешавад».        «Ин кор заҳмати калон аст»,- гуфт вай. Дар ин бобат ман гуфтам: «Ҳомид Ҳусейнович, агар ин суханҳо на ба таври шифоҳи, балки хатти чоп шаванд аксар одамон низ бохабар мешаванд. Ин барои ман бисёр муҳим». Як ҳафта баъд аз гуфтугӯямон, дар рӯзномаи «Народная газета» мақолаи академик Мансуров таҳти сарлавҳаи «Заҳмати журналист дар тӯли ним аср» чоп шуд. Дар он аз ҷумла қайд карда шуда буд, ки китоб аҳамияти муҳим дорад. Баъд аз ин бисёр олимон аз ман пурсон шуданд, ки китобро аз куҷо дастрас кунанд. Кӯшиш мекунам қисман онро дар ин ҷо дарҷ кунам. «Ман, -мегуфт Мансуров,- беандоза аз тақдирам розиам, ки дар айёми ҷавониам бо олимони барҷаста Е.Тареев ва А. Мясников рӯ ба рӯ кард, ки он вақт онҳо ифтихори соҳаи тандурустии ИҶШС буданд. Ман худро хушбахт меҳисобам, ки тавонистам сари вақт минатдории худро ба онҳо байён намоям». Ин ҷо бояд қайд намоем, ки вай ин корро дар вазъияти муҳим ба ҷо овард, дар даврае, ки устодонаш аз Масква ба Душанбе омада буданд, ки бо фаъолияти аввалин Пажӯҳишгоҳи гасртоэнтерологии дар ҳудуди ИҶШС, ки шогирдашон созмон дода буд, шинос шаванд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки дар ин ҷо чӣ гуна корҳои дар  сатҳи илми байналмилалӣ, роҳҳои нави ташхис, табобати бемориҳои меъдаву-рӯда  ва ҷигар ба роҳ монда шудаанд.            Дар ин соҳа профессор, академик Ҳ.Мансуров тавонист саҳми калон  гузорад, ки барои илм ва амалия чизи нав буд. Солҳои 30-уми асри ХХ дар ИҶШС шиоре машҳур буд: «Кадрҳо ҳама чизро ҳал мекунанд!».  Ин гуфтаҳо маънии амиқ доранд. Албатта барои ҳар ҷамъият одамони кордон асосӣ мебошад. Зеро, нарасидани кадрҳои   баландихтисос ва босаводро ягон иқдоми иқтисодӣ ҷуброн карда наметавонад.  Ҳомид Мансуров бо дарки пурраи ин коллективи мутахассисонро ташкил намуд. Агар Мансуров дорои хусусиятҳои шахсии дипломатӣ набуд, бешубҳа мумкин буд, ки пажуҳишгоҳи гасртоэнтерологӣ барин муассисаи илми, тадқиқотӣ ва табобатӣ ташкил намешуд. Танҳо гуфтушунидҳои бовариноки беохири ӯ бо роҳбарияти ҷумҳурӣ ба натиҷаи мусбӣ оварда расонид.          Чӣ хел хурсандӣ мекарданд ҳамкорони Мансуров, он вақте ки  барои пажӯҳишгоҳ бинои собиқ дармонгоҳи ҳукуматиро, ки ба Шаҳраки тиббӣ  кӯчонида шуда буд, ҷудо намуданд. Лекин ногаҳон бо Қарори шӯрои Марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон бинои собиқ дармонгоҳи ҳукуматӣ ба дигар  такшилот дода шуд.  Ин ҷо Мансуров дар он шароит рафтори қаҳрамонона кард.            Ба таври оҷил, дар маслиҳат бо сардухтури яке аз беморхонаҳо,  бо як чанд мошинҳои «ёрии таъҷилӣ» бемороне, ки ба табобати гастроэнтерологӣ эҳтиёҷ доштанд, ба дармонгоҳи нави назди иниститут оварда шуд. Утоқҳоро пур карданд, бигузор чизе, ки шавад!  Дар натиҷа ӯ  ба назди котиби яккуми КМ  барои ҷавоб додан ба кирдорҳои «худсарона» даъват шуд.         «Турсун Ӯлҷабоев — ба ёд овард Мансуров,- бо диққат маро гӯш кард ва гуфт, ҳамчун роҳбари ҳизб, ман бояд талаб намоям, ки дафтарчаи ҳизбамро дар болои миз гузорем. Лекин ҳамчун фидоии асили  Тоҷикистон аз ҷой хеста профессорро ба оғуш гирифта бо ҳисси фараҳ иброз намуд:  «Агар ин қадар ғами кори худ хуред, равед, кор кунед»… Дар натиҷа пажӯҳишгоҳ ташкил шуд. Охири соли 2005 80-солагии академик Мансуров ҷашн гирифта шуд. Вай ними онро дар вазифаи роҳбарии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология гузаронид, ки ҳоло директори фахрии он мебошад.         Тадқиқоти илмӣ дар ин пажӯҳишгоҳ, ки таҳти роҳбарии Ҳ. Мансуров гузародина шуданд, садҳо саҳифаро ташкил медиҳанд.  Асосаш он  аст, ки ба туфайли заҳмати Ҳ.Мансуров мактаби гастроэнтрологияи тоҷик дар ҳудуди ИДМ машҳур гардид, дар хориҷа ӯро ҳамчун яке аз мутахассисони беҳтарин ва олими барҷаста мешиносанд. Ҳомид Ҳусейнович Мансуров муаллифи  зиёда аз 400 асари илмӣ ва кашфиётҳои тиббӣ мебошад ва ҳамчун академики обрӯманд солҳои 1992-1995 дар вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст.       Ӯ илми тиҷикро дар бисёр анҷуманҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар давлатҳои Лаҳистон, Ҷопон, Британияи Кабир, Чехословакия, Олмон, Маҷористон, Фаронса, Шветсия ва Дания муаррифӣ кардааст. Вай ҳамчун узви фахрии Асотсиатсияи байналхалқии табибони бомориҳои дохилӣ, Асотсиатсияи гастроэртрологҳои Булғория, Маҷористон ва Лаҳистон интихоб шудааст.        Таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳ, Мансуров дар пажӯҳишгоҳ бисёр  пешниҳодҳои ҷолиб тавлид ва амалияи воқеӣ пайдо карданд. Бобати натиҷаҳо ва кори академик Мансуров ва коллективи ӯ сухан кардан, бояд адабиёти зиёдро рӯи кор овард. Паҳн шудани бемории гелиотропии ҷигар дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дар солҳои 90-ум боиси ташвиши зиёди духтурони Тоҷикистон  гардид.  Мансуров ҳамаи чизро дониста гирифта, ҷанбаи раванди беморӣ, махсусияти тағйирёбии мубодилаи сафеда, равғанҳо ва ҷузъиёти дигарро омӯхта, бори аввал нишон дод, ки рагҳои хурдтарини хунгард дар мавриди ин беморӣ чӣ гуна зарар мебинанд. Ҳ. Мансуров дар ин мавзӯъ дар анҷумани якуми бахшида ба бемориҳои дохили дар Тошканд, соли 1999 маърӯза карда, пешниҳод намуд, ки минбаъд ба ин гуна кашфиётҳо  номи муаллифони он гузошта шавад. Мансуров ҳамеша ба масъсалаҳои гастроэнтерология ва гепатология ва тадқиқоти онҳо диққати калон медод. Маълум буд, ки интишор ва нашри мақолаҳо дар матбуоти ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи олимонро ба фаъолияти Мансуров ва пажӯҳишгоҳи ӯ афзун  мекард.Ҳамкориҳои олимони тоҷик бо марказҳои гастероэнтрологии   давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур қавӣ ва наздик буданд. Ҳомид Ҳусейнович қувваи зиёди дипломатии худро харҷ намуд, то ки барои беҳтар намудани шароити мусоиди кор ва проблемаҳои мавҷуда ҳали худро ёбанд. Ба ёд меорем, ки дар соли таъсисёбии он ӯ бинои якошёнаи собиқ беморхонаи ҳукуматиро гирифта буд, ки он вақт на он қадар барои кори муассисаи илмӣ мувофиқ буд. Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди профессор Мансуров солҳои 90-ум сохтмони нави пажӯҳишгоҳ оғоз ёфт. Ниҳоят, бинои муҳташами пажӯҳишгоҳ ба истифода дода шуд ва бо тамоми таҷҳизоти техникии тиббии муосир муҷаҳҳаз гардид. Бояд ёдовар шуд, ки сохтмони он 15 сол давом кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҷараёни сохтмони онро таҳти назорати шахсии худ гирифта, ба масъулин супориш дод, ки то соли 2005 ҳамаи сохторҳои онро ба кор андозанд. Имрӯз ҳамкорон ва шогирдони Ҳ.Мансуров кори оғоз кардаи ӯро давом медиҳанд. Дар натиҷа шӯҳрати пештараи он дубора барқарор карда хоҳад шуд.

Декабрь 23, 2008 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид