18 ШАҲОДАТНОМАИ ТРЕНЕРИИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ

Декабрь 22, 2008 09:02

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-19-уми декабри соли ҷорӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бори нахуст ба 18 корманди соҳаи иҷтимоӣ Шаҳодатномаи тренерӣ супурд.                 Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди касбу корҳои иҷтимоӣ» бо дастгирии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва ташкилоти «Эври Чайдл» барои кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», муассисаҳои кӯдаконаи статсионарӣ, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе дар давоми моҳи июн — декабри соли 2008 тренингҳои иҷтимоӣ гузаронида шуд.                 Мақсад аз ташкил намудани тренингҳо шарафёб гаштан ба донишҳои ҳамаҷиҳата, дарки моҳияти корҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин, густариши малака ва усулҳои зарурӣ буд.                 Тавассути чунин тренингҳо 18 тренер омода гардид, ки минбаъд вазорат онҳоро барои гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ дар семинарҳои муассисаҳои тобеъ истифода хоҳад бурд.  

Декабрь 22, 2008 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст