АСАРИ НАВИ САҲНАВИИ ТЕАТРИ «АҲОРУН»
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳунарпешагони театри «Аҳорун» дар арафаи иди Соли нав асари нави саҳнавиро ба тамошобинон пешкаш хоҳанд кард. Асар аз рӯи романи машҳури нависандаи бузурги рус Максим Горкий «Қиссаи модар» ба саҳна гузошта шудааст. Коргардони он ҳунарпешаи варзида Фаррух Қосимов мебошад. Директори театр Сабоҳат Қосимова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки таҳияи ин асари саҳнавӣ дер боз давом дошт, вале намоиши он бо сабаби кӯчидани театр ба бинои нав мавқуф гузошта шуд. Мақомоти шаҳр ваъда кардаанд, ки театрро рӯзҳои наздик ба бинои нав кӯчонад. Намоишномаи «Қиссаи модар» аз ду қисм иборат аст. Қисми аввали он дар бораи Темури ланг ва зулму истибдоди он ва қисми дуюм дар бораи мағлуб гардидани Темури ланг дар назди корнамоии модар нақл мекунад. Ҳунарпешагони театр ба муносибати Соли нав барномаҳои гуногунрангро пешкаши тамошобинон мегардонад. Яке аз онҳо асари саҳнавии «Гулаки сурх» мебошад, ки барои тамошобинони хурдсол пешбинӣ шудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






