АЗ ҲИСОБИ ПРЕЗИДЕНТ БА ХОНАНДАҲО КӮМАК РАСОНИДА ШУД
Темурмалик, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тибқи иттилои директори Хонаи бачагонаи ноҳияи Темурмалик Қудратулло Азизуллоев, аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 99 хонанда сарулибос ва хӯрока расонида шуд. Аз ҷумла 92 куртка, 92 шиму костюм, 92 пойафзол, 92 куртаи сафед, 92 каллапӯш, 2 тонна орд, 1 тонна биринҷ, 1 тонна шакар ва 1 тонна равған. Ғайр аз ин, барои харидани гӯшт 1280 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Инчунин, аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ 90 курта, 90 жемпир, 70 дона куртаи бегиребон, 5 линга орд, 20 кг равған ва 40 кг гӯшт расонида шудааст. Ба гуфтаи Қудратулло Азизуллоев, аз тарафи роҳбарияти Хонаи бачагонаи «Танобчӣ» барои хонандагон дар 15 гектар замин ғалла, дар 5 гектар зағир ва барои кормандон дар 11 гектар ғалла кишт карда шудааст. Барои зимистонгузаронӣ 7 тонна ангишт захира карда шуда, барқ шабонарӯзӣ таъмин аст.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






