БАҲРИ ТАДБИҚИ ЛОИҲА 74,4 КМ РОҲ ТАҶДИД ШУД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- «Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, фазаи I» миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд 5-уми марти соли 2004 ва бо Фонди ОПЕК 2-юми сентябри соли 2004 ба имзо расида буд. Маблағи умумии лоиҳа 23,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми лоиҳа таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Оби Гарм, беҳтар кардани ҳолати роҳҳои шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, корҳои таъмирӣ дар роҳи Оби Гарм — Нурободро дар бар мегирад. Пудратчии асосии лоиҳа ширкати «Синохайдро»-и Ҷумҳурии Халқии Чин буда, машваратчии байналхалқӣ «СМЕК — Австралия» аст. Бояд зикр намуд, ки баҳри тадбиқи лоиҳа то ҳол таҷдиди 74,4 км роҳ, сохтмони 4 адад кӯпруки нав, таҷдиди 9 адад кӯпруки вуҷуддошта ба анҷом расонида шудааст.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






