БА ЗАНҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МЕШИ БОРДОРШУДА МЕДИҲАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи мушовири миллии Лоиҳа оид ба тренинг ва гендер Сафаралӣ Наимов, барномаи ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ дар 6 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ мешавад. Бо мақсади амалӣ шудани лоиҳа, ки аз се қисм иборат аст, дар навбати аввал 400 нафар зани кӯдакдори бесаробони ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон ва ноҳияи Ёвон ба гурӯҳи кӯмакгирандагон ворид карда шудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, ба занҳои ба гурӯҳи ёригирандагон дохилшуда 2-тогӣ меши бордоршуда ва 5-тогӣ мурғи марҷон дода мешавад. Тибқи шартҳои лоиҳа, баъди як сол 2 барра ва 5 мурғи марҷонро аз ин гурӯҳ гирифта, ба гурӯҳи дигари занҳои камбизоат медиҳанд. Ин усул то давраи пурра бо чорвою мурғи марҷон таъмин гардидани ҳамаи занони бесаробонмонда истифода бурда мешавад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






