БАРОИ ДӮХТАНИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ СЕХҲО КУШОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Ширкати «Ёқут — 2000» дар якҷоягӣ бо VJ-и Хитой корхонаи муштараки дӯзандагӣ кушод. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ширкати мазкур либосҳои ҳарбӣ медузад. Ҳоло дар ин ширкат 90 ҷои корӣ мавҷуд буда, дар оянда онро ба 360 адад мерасонанд. Ширкати номбурда бо ташаббуси Вазорати мудофиа, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати назди Ҳукумати ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноат кушода шуд. Айни замон маҳсулот барои дӯхтани либосҳо аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст, аммо дар назар аст, ки оянда аз маҳсулоти худӣ истифода бурда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар ин ширкат барои дӯхтани либосҳои мактабӣ низ кушодани сехҳо ба нақша гирифта шудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






