БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОНИ СОЛИ 2008 МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

Декабрь 22, 2008 12:19

                     Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2008-ро эълон кард.                      Тавре ба АМИТ «Ховар» раиси АЖРВТ Нарзуллои Латиф хабар дод, мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоянд:                      Юсуф Абдусаломов — барандаи медали нуқраи Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ оид ба гуштии озод дар вазни то 84 кг;                     Расул Боқиев — барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин оид ба гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг;Ҷаҳон Қурбонов — ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин ва барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии бокс дар вазни то 81 кг;                    Анвар Юнусов — ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг;Дилшод Назаров — ширкаткунандаи сабқати ниҳоии зӯртарин гурзандозҳо дар Олимпиадаи Пекин ва ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ;                  Толеъ Холназаров — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар вазни 110 кг бо натиҷаи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудратӣ;                   Набимуҳаммад Хоркашев — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг;                   Шаҳло Муҳаммадраҳимова — қаҳрамони Осиё оид ба таэквон-до ITF дар вазни то 45 кг;Акмал Қодиров — қаҳрамони Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ байни варзишгарони машҳур дар вазни беш аз 90 кг;                 Хуршед Маҳмудов — капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа, Қаҳрамони футболи Тоҷикистон.Раиси АЖРВТ Нарзуллои Латиф афзуд, ки дар назархоҳӣ 62 нафар хабарнигорони соҳа, ки дар матбуот, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд. Онҳо дар пурсишнома ҳамагӣ 32 варзишгарро, ки намояндаи 14 навъи варзишанд, номбар кардаанд.               Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.

Декабрь 22, 2008 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст