БО Ӯ КОР КАРДАН ОСОН БУД… ДАР БОРАИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).-Як вақт дар ҳудуди Тоҷикистон, чун тамоми Осиёи Марказӣ, Хадамоти хабаргузорию алоқаи ҳавоӣ таъсис дода шуд. Маро, ки он вақт ходими адабии рӯзномаи ҷавонони Куйбишев — «Волжский Комсомолец» будам, таъҷилан ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва бо рутбаи лейтенантӣ ба округи ҳарбии Осиёи Марказӣ фиристоданд, аз он ҷо бошад, ба Сталинобод. Дар ин ҷо яке аз қисмҳои назорати ҳарими ҳавоӣ ташкил карда мешуд. Ҳамин тавр, манн, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будам ва соли 1946 азхизмати ҳарбӣ ҷавоб шуда будам, дубора ба хизмати ҳарбӣ фиристода шудам. Ҳамзамон, дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» кор мекардам. Забони тоҷикиро намедонистам, аммо ба идораи рӯзнома маводи зиёде бо забони русӣ ворид мешуд, ки аз болои онҳо кор мекардам. Фаъолияти ман дар матбуоти Тоҷикистон ана ҳамин тавр оғоз ёфт. Ба манотиқи ҷумҳурӣ бисёр сафар кардам, донистам, ки мардуми он чӣ хел зиндагӣ мекунанд, дар бораи беҳтарин одамони он навиштам.Албатта, дар он солҳо гумон ҳам надоштам, ки вақте фаро мерасаду сухан гуфтан дар бораи беҳтарини беҳтаринҳо, дар бораи Ҷаббор Расулов муяссарам мегардад. Он вақт, замоне, ки ӯ ба ҳайси котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор мекард, на ҳар кас ҷуръат карда, дар бораи ӯ чизе навишта метавонист. Ҳама хоксории ӯро медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ҳаргиз барои чопи маводи таърифӣ дар бораи худаш розӣ намешавад. Нахуст ман Ҷаббор Расуловро барои худ шахсияти дастнорас меҳисобидам ва ҳамчун рӯзноманигор баъзан ба ӯ муроҷиат мекардам. Вале дар сафарҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок мекардам. Ҷаббор Расулов одатан ба кори пахтакорон, сохтмончиёни Норак, ё корхонаҳои саноатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Ӯро ҳангоми сӯҳбати зиндааш бо одамон наззора кардан аҷиб буд. Чунин фикр пайдо мешуд: «Сахтгир аст, вале бо сахтгирӣ маҷбур намесозад, балки ҷалб мекунад». Бо вуҷуди ин, гунаҳгорро аҳволаш бад мешуд, агар роҳбари авали ҷумҳурӣ кори ӯро танқид мекард. Ва фикри ногаҳонӣ: «Раваду ман ҳам бо ягон матни чопиям нисбати худ қаҳру ғазаб ба вуҷуд орам?».Аз ҳамкорон шунида мешуд, ки баъзе маводро «шеф» бегуфтугӯ ба сабади қоғазпораҳои нодаркор мепартофт… Бо ӯ кор кардан осон менамуд, вақте медид, ки ту кӯшиш дорӣ вазифаи пешгузоштаро хуб иҷро намоӣ. Инак як лаҳзаи муносибати кории мо: … Фурӯдгоҳи Душанбе. Ҳавои барои парвоз нобоб. Парвози бисёр ҳавопаймоҳо манъ карда шуд. Вале парвоз кардан лозим — дар Хоруғ 50-солагии ВМКБ ҷашн гирифта мешуд. Дар он ҷо ҳайатро таҳти роҳбарии Ҷаббор Расулов интизор буданд. Дар тайёраи АН-2 кормандони масъул ва мухбирҳои суратгир нишастаанд. Ҷаббор Расулов ба онҳо менигараду мегӯяд: «Касе, ки наметарсад, бо ман парвоз мекунад, боқимондаҳо бо ҳавопаймои дуюм мераванд». Ман фикр мекунам, ки иҷозати парвоз дода шуд, пас, ягон мушкилӣ нест. Ва ман дар як лаҳза дар тайёра ҷо мешавам. Ҳол онки баъзе мансабдорон аз рӯзноманигорон чун аз пашша ҳазар мекарданд. Ҷамъомадҳои идона. Ин барои ҳама хурсандиовар аст, барои рӯзноманигорон — кори заҳматталаб. Аммо роҳбари аввали ҷумҳурӣ Ҷаббор Расуловро баробари расидан ба Хоруғ роҳбарони маҳаллӣ иҳота мекунанд, мехоҳанд ӯро «аз ҳар гуна мулоқоти барояш нолозим муҳофизат кунанд». Ҷаббор Расулов ин анъанаро шикаст. Барои он, ки дар шумора дар ҳаҷми ду саҳифа оид ба ин ҷашн ҳисобот диҳем, ба ман се маротиба лозим омад бевосита ба ӯ муроҷиат кунам. Ӯ дар ҳамон ҷо масъаларо ҳал кард. Чӣ душвориҳое рӯй намедиҳад дар кори мо. Баъди ба Душанбе фиристодани матни суханрони Ҷаббор Расулов яке аз кормандони Кумитаи Марказӣ ба манн гуфт, Ки баъзе ҷойҳои нутқи Расуловро ихтисор кардан лозим аст. Гӯё ин супориши худи Ҷаббор Расулов бошад. «Медонӣ, мӯйсафед- гуфт ӯ,- шеф аз толор сигоркашӣ баромаду гуфт, ки аз баромадаш баъзе саҳифаҳоро бардорем». Ба бинои кумитаи вилоятии ҳизб рафта, ба Душанбе занг мезанам, бо идораи рӯзнома тамос мегирам, тасҳеҳ медиҳам… «Барои чӣ Расулов махсусан ҳамин қисми баромадро ихтисор кардан хост?»,- ин савол оромам намегузошт. Ӯ бошад, дар толори пуродам намоиши театри маҳаллиро тамошо дорад. Чӣ тавр ба он ҷо ворид мешавӣ? Аммо напурсида ҳам намешавад. Зери наззораи дидбон ба толор медароям ва хушбахтона, чароғ якбора равшан мешавад — намоиш ба охир расид. Назди девор меистам, наздик шудан ғайриимкон — ӯ дар иҳотаи «мансабдорон» аст. Ҷаббор Расулов инро ҳис мекунад ва худаш ба ман рӯй меорад: — Хайр, корҳо чӣ хел? — Ҳамааш хуб, чи тавре, ки гуфтед, қисме аз баромадатон ихтисор карда шуд. — Ман чунин супориш надодаам! Дар тахтапуштам мурғак дамид. — Аз суханронии баъзе хушомадгӯён дар бораи худам хоҳиши ихтисор намудан карда будам,- мегӯяд Ҷаббор Расулов аз болои китф ба котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Кӯҳӣ ишора карда. — Ҳамаашро фаҳмидам,- гуфта, ба сӯи телефони кумитаи вилоятӣ давидам. Бо хотири ҷамъ овози навбатдори идораи рӯзномаро мешунавам, ки акнун аз сари нав тасҳеҳи охиринро менависад. Ҳамин корро дар идораи рӯзномаи маҳаллии «Бадахшони советӣ» низ анҷом медиҳем. Танҳо ба Ҷаббор Расулов арз кардан мемонад, ки акнун дар ҳақиқат ҳама чиз ҷо ба ҷост: маълум, ки ӯ ҳам бесаранҷом шуда истодааст. Вале ба кумитаи вилоятӣ, ба ҷое, ки Ҷаббор Расулов омад, даромадан намемонанд: «Ӯ хаста шудааст, ҳозир пеш аз хӯроки бегоҳирӯзии идона истироҳат мекунад»,- мегӯяд котиби кумитаи вилоятӣ. Дар кӯча дар кунҷаке меистам. Баъди 15 дақиқа Ҷаббор Расулов мебарояд. Аз пасаш кормандони кумитаи вилоятӣ ва меҳмонон. Ӯ боз на ҷониби толори қаҳванӯшии махсус барои солгард оросташуда, балки сӯи ман раҳсипор мешаваду ҳамаро дар ҳайрат мемонад. Ба пеш қадам мегузораму арз мекунам, ки рӯзномаҳо бо матни дуруст ба табъ мерасанд ва бемадорона табассум мекунам. — Офарин. Рафтем. Ӯ аз дастам мегирад ва мо дар толори қаҳванӯшӣ қадам мезанем. «Бало занад,- фикр мекунам ман,- агар ҳамаи сарварони олимартаба ана ҳамин хел, мисли ӯ мебуданд, кор кардан хеле осон мешуд». Як вақт чунин воқеа рӯй дод. Соати нӯҳ бедор шудам, вале мехостам аз хоб сер кунам. Якшанбе аст, куҷо саросема бошам? Дар ҳамин вақт садои занги дар баланд мешавад. Дарро кушоям, ронандаи директори ТоҷикТА истодааст. — Олег Димитрович (ӯ ба ҷои Дмитриевич Димитрович мегуфт), раис талаб дорад, ки назди Расулов равед. Дар мошин мушоҳида кардам, ки директор Зайниддин Насриддинов каме асабонӣ аст. Пас, ягон супориш мешудагист ва шояд боз аз боиси вазъи ҳаво. Як рӯз пеш борони сел буд ва шояд дар куҷое чизеро шӯста бурдааст. Саросема аз долон мегузарем ва ба утоқи калоне ворид мешавем. Ҷаббор Расулов назди тиреза истода, сигор мекашад. Ӯ ҷониби мо гашта, сахтгирона мегӯяд: «Дер омода мешавед!». — Ӯ дар маҳаллаи дур зиндагӣ мекунад,- зуд ба гап медарояд З. Насриддинов.Фикр мекунам, ки ӯ сари вақт ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд, зеро аллакай мехостам фаҳмонам, ки маро касе огоҳ накард, набошад, соати 8-и субҳ дар Кумитаи Марказӣ мешудам. — Майлаш, шинед,- мегӯяд Ҷаббор Расулов ва дар паси мизи калони худ ҷой мегирад. Дар утоқ муовини раиси шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи марказӣ Бурмистров бо ҷузъгири ахборот пайдо мешавад. — Супориш ин аст,- мефаҳмонад Ҷ. Расулов,- маводи ҷолибе тайёр кардан лозим. Дар бораи қисми ниҳолҳои пахтаи наврустаи селбурда. Дар куҷо, чӣ қадар, Бурмистров мегӯяд. Ӯ мегӯяд, ки айни замон кадом корҳоро анҷом додан зарур аст. Аз ҳама муҳим, зуд одамонро ҷамъ кардану кишти такрорӣ гузаронидан лозим, ҳоло вақт ҳаст. Матн бояд мӯътадил бошад, бе ягон воҳима, набошад, баъзе роҳбарони хоҷагиҳо аллакай иҷозат мепурсанд, ки ба ҷои ниҳоли пахтаи нобудшуда ҷуворимакка кишт намоянд. Ҳамааш фаҳмо? — Фаҳмо. Аз сари мизе, ки ман дар болояш супоришҳоро навиштам, мехезам ва аллакай бо маводи зарурӣ «мусаллаҳ» аз утоқ берун мешавем. — Дар куҷо менависӣ,- мепурсад З. Насриддинов,- дар ҳаминҷо ё дар идораи рӯзнома? — Албатта, сари мизи кори худам,- ҷавоб медиҳам ман. Баъди ду соат мо аллакай бо панҷ саҳифа матни навиштаи ман ба Кумитаи Марказӣ даромадем. — Шояд аввал ба шӯъбаи хоҷагии қишлоқ нишон диҳем?- пурсид З. Насриддинов. — Вақт гузашта истодааст-ку… — Хайр, бин,- мегӯяд ӯ. Ҷаббор Расулов матни маро мегираду ба хондан медарояд. Мо нишаста интизорӣ мекашем ва ман фикр мекунам: «Ана ҳозир варақҳоро ба сабади коғазпораҳо мепартояд. Не-не, ман-ку кӯшиш кардам ҳамаи супоришҳои ӯро иҷро намоям». Ниҳоят, хондани матн ба охир расид. Ҷ. Расулов ба он як калима илова намуд ва варақҳоро бо ибораҳои «офарин, нарм омадааст, тавре, ки лозим аст. Ба ҳамаи рӯзномаҳо диҳед» ба ман дароз кард. Ман боз худро хеле хуб ҳис мекунам, аз эътирофи супориши иҷрошуда ва супориши каси дигар не, аз худи Ҷаббор Расулов, котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон. Тарҷумаи Ф. Асозода