ДАР ҚУБОДИЁН ҶАВОНИ НОБОЛИҒ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ФИРИСТОДА ШУД

Декабрь 12, 2008 09:40

          Душанбе,  12  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). –  Дар  вилояти  Хатлон  ҷавони  ноболиғро  барои  хизмат   ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  фиристоданд. Корманди  прокуратураи  низомии  гарнизони  Қӯрғонтеппа  Шӯҳрат  Бадалов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  Комиссариати  ҳарбии ноҳияи  Қубодиён 13  ноябр  сокини  ҳамин  ноҳия  Мӯҳриддини  Шарофиддинро  ба  хизмати  ҳарбӣ  сафарбар  намуд.  Аз  рӯи  маълумоти  ҷамоати  маҳалли  зисти  даъватшаванда, ӯ бо  фамилияи  дигар,  яъне  Мӯҳриддин  Буров  ба  қайд  гирифта шуда,   соли  таваллудаш  1990  мебошад. Вале фамилияи  шахси  мазкур  дар  дафтарҳои  қайди  Шӯъбаи  сабти  ҳолатҳои  шаҳрвандӣ Буров  набуда, балки  ҳамчун  Мӯҳриддини  Шарофиддин  сабт  шудааст.  Илова  бар  ин,  соли  таваллуди  ӯ на 1990,  балки  1991   мебошад.  Аз ин  ҷо  маълум  мегардад, ки  Комиссариати  ҳарбии  ноҳия  ҷавони  ҳанӯз  ба  синни  даъват  ба  хизмати  ҳарбӣ  нарасидаро  ба   хизмати  ҳарбӣ  фиристодааст. Ш. Бадалов  хабар  дод, ки  бо  қарори  мақомоти муҳофизи  қонун  Мӯҳриддини  Шарофиддин  аз  хизмат  дар  сафи Қувваҳои  мусаллаҳ  озод  карда  шуд ва  мавриди  пурсу ҷӯ қарор  дода  мешавад. Тафтиши  ин  қазия  давом  дорад.

Декабрь 12, 2008 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст