ДАР ҲАҶМИ 5 МЛН. СОМОНӢ ҚАРОРДОДИ СОХТМОНӢ БАСТА ШУД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давом додани корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳҳо ва биноҳои маъмурии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо корхонаҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ қарордод ба имзо расонид. Аз ин маблағ барои сохтмони осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Нуробод ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, Тавилдара-133, Масчоҳ- 200, Дарвоз-200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин, барои сохтмони бинои Маркази байналхалқии реаблитатсионӣ дар ноҳияи Балҷувон 765 ҳазор сомонӣ, хона-интернати кӯдакони ноқисулақли «Чорбоғ» ба маблағи 3 млн. 468 ҳазор сомонӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ қарордод баста шуда, то имрӯз баробар бо зиёда аз 5 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






