ДАР ҶТ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҲУҶҶАТИ ЛОЗИМӢ НАДОРАНД

Декабрь 17, 2008 11:02

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва мувофиқи нақшаи кории Хадамоти муҳоҷиратии ВКД оид масъалаҳои буду бош, аз қайдгузарӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ рейдҳои муштарак гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳо кормандони Хадамоти муҳоҷирати ВКД то кадом дараҷа дуруст будани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ дида баромада, риоя намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муҳоҷират таҳти назорати қатъӣ қарор доданд. Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ чорабинии санҷишиеро дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат доир намуд. Ҳангоми санҷиши якчанд корхонаву ширкат, аз қабили «Ориё», «МТЛ-таҷдиди роҳҳо» ва «Строй-Форс» маълум гардид, ки 11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои муайян намудани шахсияташон бо худ ягон ҳуҷҷати лозимӣ надоранд. Вазорати корҳои дохилӣ баҳри ба танзим даровардани раванди вориду хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва барои бехатарии шаҳрвандони кишвар тамоми чораҳои лозимиро дида мебарояд.  Бояд зикр намуд, ки чунин рейдҳои муштарак аз ҷониби кормандони ҷузъу томҳои Хадамоти муҳоҷиратии ВКД дар тамоми манотиқи кишвар гузаронида мешавад.     

Декабрь 17, 2008 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст