ДАР ҶТ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҲУҶҶАТИ ЛОЗИМӢ НАДОРАНД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва мувофиқи нақшаи кории Хадамоти муҳоҷиратии ВКД оид масъалаҳои буду бош, аз қайдгузарӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ рейдҳои муштарак гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳо кормандони Хадамоти муҳоҷирати ВКД то кадом дараҷа дуруст будани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ дида баромада, риоя намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муҳоҷират таҳти назорати қатъӣ қарор доданд. Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ чорабинии санҷишиеро дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат доир намуд. Ҳангоми санҷиши якчанд корхонаву ширкат, аз қабили «Ориё», «МТЛ-таҷдиди роҳҳо» ва «Строй-Форс» маълум гардид, ки 11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои муайян намудани шахсияташон бо худ ягон ҳуҷҷати лозимӣ надоранд. Вазорати корҳои дохилӣ баҳри ба танзим даровардани раванди вориду хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва барои бехатарии шаҳрвандони кишвар тамоми чораҳои лозимиро дида мебарояд. Бояд зикр намуд, ки чунин рейдҳои муштарак аз ҷониби кормандони ҷузъу томҳои Хадамоти муҳоҷиратии ВКД дар тамоми манотиқи кишвар гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






