ДАР ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҲИНДУСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

Декабрь 6, 2008 13:45

               Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тавре хабар дода шуда буд, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ғуломҷон Бобозода чанде пеш аз сафари Ҳиндустон баргашт. Намояндагони Тоҷикистон дар Деҳлӣ дар маҷлиси комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникии ҳар ду кишвар ширкат варзиданд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки соли 2009 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон гузаронида шаванд. Ҷониби Ҳиндустон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои тадқиқоту омӯзиши хусусиятҳои заминларза, истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия, астрономия ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мароқ зоҳир намуд. Дар ҷараёни маҷлиси муштарак дар бораи сарфи назар кардани андозбандии дубора ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз дар байни ҳар ду давлат созишнома имзо шуд.

Декабрь 6, 2008 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд