ДАР ВОДИИ КӮЛОБ 31 НАФАР ГИРИФТОРОНИ СПИД ФАВТИДАНД

Декабрь 3, 2008 08:49

        Кӯлоб, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории СПИД шумораи нави гирифторони ин мараз дар водии Кӯлоб бозгӯ шуданд. Бар асоси гуфтаи директори Маркази мубориза алайҳи СПИД-и шаҳри Кӯлоб Тоир Туманов, то имрӯз дар навоҳии минтақаи мазкур 176 нафар гирифторони СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки миёнашон 34 зан ва ду кӯдак низ ҳаст. Қисми бештари гирифторони ин касал сокинони бумии шаҳри Кӯлобанд. Бояд гуфт, ки то имрӯз 31 нафар гирифторони СПИД дар водии Кӯлоб фавтидаанд. Тоир Туманов мегӯяд, ки миёни маризон 109 нафар нашъамандонанд.          Дар шаҳри Кӯлоб утоқҳои дӯстона фаъол карда шудаанд, ки муроҷиаткунандагонро ба таври махфӣ аз ташхис мегузаронанд. Муолиҷаи беморон бо кӯмаки ройгони Хазинаи глобалӣ роҳандозӣ шудааст.  Лозим ба ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб дар самти мубориза алайҳи СПИД ва роҳҳои пешгирии он ду чорабинии калон баргузор гардид.

Декабрь 3, 2008 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид