ДУХТУРОНИ ХАТЛОН БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХАВФНОК ТАДБИРҲО МЕАНДЕШАНД

Декабрь 2, 2008 17:04

Қӯрғонтеппа, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Духтурони  эпидемиологи  вилояти Хатлон барои пешгирии  заҳрнокшавии  одамон аз хӯрокҳои гуногун (ботулизм) тадбирҳо меандешанд. Сардухтури санитарии вилоят Ҳаким Худойбердиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки заҳрнокшавии одамон аз хӯрок  дар вилоят аз  фасли тирамоҳ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, мутахассисони  маркази  санитарию эпидемиологӣ ба ҳар гуна  вазъият тайёрӣ дида, дар байни аҳолӣ  роҳҳои пешгирии бемориро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Бо ин мақсад мулоқотҳо  ва  тафтишҳо гузаронида мешаванд. Ба қавли мутахассисон, одамон асосан дар давраи ҷашну маъракаҳои оилавӣ аз рӯи беэҳтиётӣ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Соҳибхоназанон бояд зимни пухтани хӯрок ва тайёр кардани консерваҳои гуногун ба  қоидаҳои санитарӣ риоя намоянд. Хабар дода мешавад, ки  айни ҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят барои эҳтиёт доруҳои зарурии  табобати беморӣ  захира карда шудаанд. Воқеаҳои гирифтор шудани одамон ба ин беморӣ қабл аз ин дар ноҳияҳои Хуросон, Ёвон ва Қубодиён ҷой дошт.

Декабрь 2, 2008 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд