ФАСЛИ БАҲОР ДАР МАМЛАКАТ 750 ҲАЗОР БЕХ НИҲОЛ ШИНОНДА МЕШАВАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» — и Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо қувваю маблағи худ 745,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун парвариш мекунад, ки фасли баҳор минтақаҳои гуногуни мамлакат кучат карда мешаванд. Аз ин ҷумла 449 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, бештар аз 136 ҳазор бех ток, 59,2 ҳазор бех тут ва 100,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ мебошад. Аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳоло дар 13 ноҳияи мамлакат хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» ҳар сол то 1,7 миллион бех ниҳол тайёр мекунад. Ҳамаи онҳо ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқ буда, ба шароити маҳалҳои мамлакат мутобиқ гардонда шудаанд. Бояд гуфт, ки соҳаи ниҳолпарварӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ фоидаи калон мерасонад. Бинобар ин барои пешрафти он тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






