ФАСЛИ БАҲОР ДАР МАМЛАКАТ 750 ҲАЗОР БЕХ НИҲОЛ ШИНОНДА МЕШАВАД

Декабрь 3, 2008 08:46

     Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикниҳолпарвар» — и  Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо қувваю маблағи худ 745,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун парвариш мекунад, ки фасли баҳор минтақаҳои гуногуни мамлакат кучат карда мешаванд. Аз ин ҷумла 449 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, бештар аз 136 ҳазор бех  ток, 59,2 ҳазор бех тут ва 100,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ мебошад. Аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки ҳоло дар 13 ноҳияи мамлакат хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд.                Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» ҳар сол то 1,7 миллион бех ниҳол тайёр мекунад. Ҳамаи онҳо ба талаботи  стандарти давлатӣ мувофиқ буда, ба шароити маҳалҳои мамлакат мутобиқ гардонда шудаанд. Бояд гуфт, ки соҳаи ниҳолпарварӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ фоидаи калон мерасонад. Бинобар ин барои пешрафти он тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.

Декабрь 3, 2008 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст