ГУЗАШТАНИ МУОИНАИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Рӯзҳои 23-24-уми декабри соли 2008 дар шаҳри Москва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаи мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ оид ба муҳоҷират дар ФР С. Ҳасанов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ Ш. Усмонова ва ҳуқуқшиноси Вазорати тандурустии ҶТ Р. Маҳмудов иштирок менамоянд. Тавре, ки маълум шуд, агар ин Созишнома ба имзо расад, барои муҳоҷирони меҳнатии мо проблемаи асосӣ, яъне гузаштани муоинаи тиббӣ дар ҶТ қабл аз сафар ба Федератсияи Россия ҳалли худро меёбад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






