ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҲИНДУСТОН ШАҲРИ ПАТИЛ
Деҳлӣ, 2 декабр. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Ш.Патил вобаста ба амалиёти террористӣ дар шаҳри Мумбай, ки бар асари онҳо бештар аз 174 нафар ҳалок шуд, аризаи истеъфо дод. Сарвазири мамлакат Манмоҳан Сингх то ҳол ба аризаи ӯ ҷавоб надодааст. Хабар дода мешавад, ки 26 – уми ноябр гурӯҳи террористони мусаллаҳ дар шаҳри Мумбай якбора ба чанд меҳмонхона, ресторан, шифохона, истгоҳи марказии роҳи оҳан ва раёсати политсия ҳуҷум оварданд. Онҳо бо пулемётҳои вазнин, автоматҳо ва граната мусаллаҳ буданд. Муқовимати террористон бо қисмҳои ҳарбии ҳукуматӣ бештар аз ду шабонарӯз давом кард. Аз рӯи маълумоти расмӣ, амалиёти мазкурро ҳамагӣ даҳ нафар террорист анҷом дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






