КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ БА ҶАВОНОН ХИЗМАТ МЕРАСОНАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 18-уми декабри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии «КАРЕ Тоҷикистон» дар мавзўи баҳодиҳии миёнамӯҳлати Лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасон ва ҷавонон» мизи мудаввар доир намуд. Дар мизи мудаввар инчунин намояндагони ташкилоти байналмилалию ғайридавлатӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ, Хазинаи аҳолии СММ, Алянси танзими оилаи Тоҷикистон ва сохторҳои масъули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Тавре қайд гардид, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии КАРЕ барномаи 3-соларо оид ба таъмин намудани солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасон ва ҷавонон дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст. Барои ноил шудан ба ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 маркази маърифатӣ-иттилоотӣ ташкил карда шудааст. Дар ин марказҳо 375 нафар ихтиёрӣ омўзонида шудаанд, ки онҳо ҳоло ҳамчун тренер аз рўи шиори «ҳамсол ба ҳамсол» фаъолият доранд. Инчунин, барои ҷавонон аз тарафи барнома 8 маркази тиббӣ — машваратии хайрхоҳона ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 72 нафар корманди соҳаи тиб ба хизматрасонӣ фаро гирифта шудаанд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






