ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА ДАР СОҲАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТКОРӢ

Декабрь 10, 2008 10:31

         Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои  ИДМ дар шаҳри Минск лоиҳаи Созишномаро дар бораи  мубодилаи маълумот дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар қаламрави Иттиҳоди  Давлатҳои мустақил мавриди барасӣ қарор дод. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  мувофиқи созишномаи мазкур, мақомоти салоҳиятдори  давлатҳои Иттиҳод бо мақсади пешгирию ошкор намудан, фош кардан ва  тафтиш намудани ҷинояткорӣ мувофиқи дархости  мақомоти дахлдори мамлакатҳои ИДМ бепул маълумоти зарурӣ медиҳанд. Инчунин мубодилаи  ройгони маълумоти илмию техникӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот мувофиқи қонунгузории мамлакатҳо ва  ӯҳдадориҳои байналхалқии онҳо амалӣ карда хоҳад шуд.

Декабрь 10, 2008 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ