ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА ДАР СОҲАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТКОРӢ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ дар шаҳри Минск лоиҳаи Созишномаро дар бораи мубодилаи маълумот дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои мустақил мавриди барасӣ қарор дод. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мувофиқи созишномаи мазкур, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Иттиҳод бо мақсади пешгирию ошкор намудан, фош кардан ва тафтиш намудани ҷинояткорӣ мувофиқи дархости мақомоти дахлдори мамлакатҳои ИДМ бепул маълумоти зарурӣ медиҳанд. Инчунин мубодилаи ройгони маълумоти илмию техникӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот мувофиқи қонунгузории мамлакатҳо ва ӯҳдадориҳои байналхалқии онҳо амалӣ карда хоҳад шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






