МАҒОЗАИ СОҲИБКОРИ АФҒОНРО ҒОРАТ КАРДАНД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, соҳибкор Абдуҳайдар Ғуломсодиқи 39-сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ғорат шудани мағозааш бо ариза муроҷиат намуд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шахсони номаълум шаби 19-ум ба 20-уми декабри соли ҷорӣ ба мағозаи Абдуҳайдар Ғуломсодиқ ворид шуда, аз он ҷо 11 телефони мобилии тамғаи «LG», 2 телефони мобилии «Nokia», 7 телефони мобилии «Samsung», 10 флешка, 2 акумулятор ва 10 чархи мошинро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки маблағи умумии онҳо 8990 сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






