МУҲАММАД ОСИМӢ

Декабрь 23, 2008 16:52

           Дар утоқи кории М. Осимӣ дар бораи мулоқотам бо Бобоҷон Ғафуров нақл карда, зарур мешуморам, ки шиносоиии худро бо Муҳаммадҷон Осимӣ ба ёд оварам. Хабари марги нобаҳангоми ин инсони шариф, олим, омӯзгор, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, мисли ҳамаи тоҷикистониҳо маро ҳам маҳзун сохт. Охир ҳамкории ман бо ӯ аз солҳои 60 ибтидо ёфта буд. Ба ман муяссар шуд замоне бо ӯ шинос шавам, ки ӯ аз соли 1962 то соли 1965 вазифаҳои раиси Кумитаи назорати халқӣ, котиби КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон ва муовини раиси Шӯрои вазирони ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт. Ширкат варзидан дар ҷаласаҳои Кумита, ки ӯ бо ҷиддияти тамом мегузаронд, аз нуқтаи назари амалӣ ва эҷодӣ басо шавқовар буд. Одатан, дар ин маҷлисҳо ба суханбозӣ роҳ дода намешуд. Агар шахсе гуноҳ содир мекард, М. Осимӣ аз ӯ талаб менамуд, ки дар бораи кори кардааш ҳисобот диҳад ва барои ислоҳи норасоиҳо ва сӯиистифода аз вазифа чӣ чораҳо дида мешаванд, маълумот диҳад. Агар ҷавобгар ба хондани маърӯзаи тӯлоние шурӯъ намояд, ба ӯ то се маротиба таклиф мекард, ки ба муҳимтарин саволҳо посух гӯяд. Аз касе ки посух намедод, хоҳиш карда мешуд, ки дар даҳлез интизор шавад ва чунин қарор мебароварду ҷарима 3 маош ё худ агар ӯ аз вазифа ошкоро сӯиистифода карда бошад, парвандаро ба мақомоти тафтишотӣ месупурд. Ин амал фаъолияти роҳбарони соҳаҳои гуногунро ба низом медаровард. Пас аз хатми мактаби олӣ ӯ дар ҳол ба ҷанг рафт ва аз соли 1941 то 1946 дар сафи Артиши Шӯравӣ буд. М. Осимӣ мисли ман дар фронти Ленинград ҷангидааст. Артиллерист, лейтенанти калон М. Осимӣ дар муҳофизати қалъаи «Нева», ки бо торумори пурраи гурӯҳи ҷангии немисии «Шимол» тамом шуда буд, ширкат дошт. Аз ҷанг ҷавоб шуда ба зодгоҳаш Хуҷанд баргашта, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ аввал ассистент, баъд муаллими калон, мудири кафедраи физика ва ноиби ректор шуда кор кард. Вақте ки президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Султон Умаров аз олам гузашт, масъала ба миён омад, ки чунин вазифаи масъулро ба кӣ супоранд. Ба ин вазифа М. Осимӣ лоиқ дониста шуд. Аз ҳамон давра дар давоми 23 сол – то соли 1988 ӯ ба Академияи илмҳо сарварӣ намуд. Кори давлатиро ба фаъолияти ташкилотчии илм иваз карда, ба илми ҷамъиятшиносӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард. Ҷойи таассуф набуд, зеро раҳбарӣ ба гурӯҳи калони шахсиятҳои маънавӣ осон нест. Барои ин ҳам рӯҳияи одамон ва ҳам ҷамъияте, ки онҳо кору зиндагӣ мекунанд, донистан лозим аст. Ӯ таърихи фалсафа ва таърихи илм, проблемаҳои философии илмҳои табиатшиносӣ ва проблемаҳои соҳаи фарҳангро таҳқиқ мекард. Асарҳои таълифкардаи ӯ шӯҳрат пайдо карда, ба бисёр забонҳо, аз ҷумла забонҳо англисӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайра тарҷума шуданд. Таҷрибаи бузург ва дониши доманадори илмӣ ба академик М. Осимӣ имкон доданд, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои масъулиятноки сармуҳарририи Энсклопедияи советии тоҷик баромада тавонад. Сарредаксияи «Энсклопедияи советии тоҷик» охири соҳои 60 ташкил ёфта буд. Дар он дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои илму техника ва фарҳанги ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст. 8 ҷилди ЭСТ ба миқдори зиёд иттилооту маълумотномаҳоро дар бар мегирад. Моҳи октябри 1974 дар Москва рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ман ин рӯйдодро дар матбуоти ҷумҳурӣ инъикос мекардам. Муҳаммад Осимӣ ба ҳайати вакилони тоҷик дохил буд. Ман дидам, ки бо чӣ ифтихоре ӯ ба ҳамкасбон ва олимони Москва китоби тозанашри « Илми Тоҷикистони Советӣ»-ро, ки худ сармуҳаррири он буд, тӯҳфа мекард. Ман ҳам ин китобро бо соядасти ӯ гирифтам. «Ба мӯҳтарам Олег Дмитриевич – тарғибгари илми шӯълавари Тоҷикистон, барои хотираи нек, М Осимӣ, 10 октябри соли 1974. ш. Москва». Он вақт моро одамони ба ҳам унсгирифта шуморидан мумкин буд. Маҳс М. Осимӣ ба ман имконият дод, ки бо колективҳои илмии Академия шинос шавам. Ин замоне оғоз ёфт, ки ӯ маро ба мошинаш савор карда, ба шаҳраки илмии Академия бурд. Он ҷо дар назди Пажӯҳишгоҳи физикию техникӣ, ба ифтихори собиқ президенти Академия, академик Султон Умаров санги ёдбуд мегузоштанд. Он ҷо ноиби президенти Академияи улуми ИҶШС Юрии Анатолиевич Овчинников низ ҳузур дошт, ки низ дар мошин нишаста буд. Дар роҳ сӯҳбат аз фалсафа рафт ва М. Осимӣ аз методҳои муносибат ба фалсафа сухан сар кард, ки ӯ дар Ленин дарёфтааст. Он вақт манн сатрҳоеро аз ёддоштҳои Масим Кокиро дар бораи Ленин, ки ба наздикӣ хонда будам, ба ёд овардам. Дар он гуфта мешуд, ки чи тавр Владимир Иличро солҳои 20 ба дидани силоҳи навсохтаи мутахассисини ҳарбӣ даъват кардаанд. «Ман дар ин масъала чизеро намефаҳмам» — гуфт Ленин, вале ба ҳар ҳол барои дидани техника рафт. Силоҳро писандид ва як чанд эрод гирифт, ки ба нақшаи техникӣ дахл дошт ва сохтори онро беҳтар менамуд ва ин мутахассисони ҳарбиро ба ҳайрат гузошт. Ман дар ин бора бо ҳамсӯҳбатам нақл карда, афзудам, ки Ленин мафкураи доманадори дилектикӣ ва фалсафӣ дошт ва ин имкон медод, ки ҳақиқати рӯйдодҳои ҷамъиятӣ ва кашфиёти техникиро воқеъбинона дарк намояд. М. Осимӣ, ки дар курсии пеши мошин  менишаст, ӯ  ба тарафи ман гашта пурсид, ки ман чунин китобро аз куҷо ёфта хондаам. Аз ҳамон вақт ин ҷониб ӯ ҳар боре, ки маро дар Академияи илмҳо медид ба роҳбарони пажуҳишгоҳҳо таъкид мекард, ки ин кас тарғиботчии дастовардҳои илмӣ мебошанд ва барои гирифтани иттилооти илмӣ мусоидат менамуд. Ин ба кори душвори ман ҳамчун инъикоси илм ва ба даст овардани маълумот дар бораи олимони барҷаста хеле мадад расонд. Моҳи октябри соли 1990 ман ҳамчун мухбири ТАСС аз Москва, аз номи мудири шӯъбаи кишварҳои рӯ ба инкишофи ТАСС Юри Сизов барқия гирифтам. Вай нависта буд: «Дар Душанбе семинари байналхалқӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои таърихию фарҳангӣ ва муносибатҳои байни Ғарб ва Шарқ дар роҳи абрешим» баргузор гашт. Лутфан, барои ахборнома, ки ба кишвапрҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором пахш карда мешавад, доир ба ҷамъбасти ин семинар хабари муфассал фиристед».Ин семинар бахшида ба «Роҳи абрешим» бо иштироки фаъолонаи М. Осимӣ гузашт. Барои ТАСС ҷиҳати арзёбии корҳои анҷомёфта, ман аз ӯ маълумоти муфассал гирифтам. М. Осимӣ зикр кард, ки семинар зери сарпарастии ЮНЕСКО гузашт. Агар ба таърихи Роҳи Абрешим чуқур назар андозем ин роҳ рамзи ҳамкории неки ҳамаи халқҳои шарқ мебошад. Дар мавриди мубодилаи арзишҳои ахлоқию моддӣ дар давоми 2500 сол, аз асри VI ин роҳ нақши бузург бозидааст. Дар асрҳои V ва VIII-и даврони мо аҷдодони тоҷикон – суғдиҳо дар рушди равобити бисёрҷониба нақши калон бозидаанд. Аз ин сарзамин чаҳор роҳи корвонгузар мегузашт. Корвони тиҷоратии суғдиён то ба Шарқи Дур мерафт. Муҳаммад Осимӣ дар омади гап, на барои матбуот, дар бораи барқарор кардани урфу одатҳои таърихӣ сухан ронда, зикр кард: «Ҳангоме ки оид ба вазъи кунунии ҷаҳон ба андеша меравӣ, беихтиёр зарурати сабақи судманд бардоштан аз таҷрибаи ниёгонамон ҷиҳати ҳамкории расмӣ, таҳаммулпазирӣ ва баҳрабардорӣ аз фарҳанги ҳамдигар ба хотир мерасад. Бовар дорам, ки кори мо аз бисёр ҷиҳат ба ин мусоидат хоҳад кард».«Муҳаммад Осимӣ яке аз бузургтарин шахсиятҳои дар илму фарҳанг буд. Хотираи дурахшони ӯ як умр дар дили халқ боқӣ хоҳад монд», — бо чунин суханон анҷом меёбад таъзияномае, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бештар аз 30 нафар роҳбарону олимон 25 июни соли 1996 вақте, ки Муҳаммад Осимӣ аз дасти силоҳбадастон ба қатл расид, имзо гузоштанд. Он вақт академик, корманди шоистаи илмии Тоҷикистон дар вазифаи раиси ҷамъияти «Пайванд» ва муовини раиси анҷумани тоҷикони ҷаҳон фаъолият мекард.           

Декабрь 23, 2008 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид