МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ ОҒОХОН
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи доимии бунёди рушди Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ мулоқот кард. Зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба фаъолияти бунёди рушди Хазинаи Оғохон табодули назар карда шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба тезонидани суръати сохтмони меҳмонхонаи «Серена» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мусоҳибон аҳамияти калони рушди соҳаҳои маориф ва сафару саёҳатро дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии Афғонистони ҳамсоя баъзе барномаҳои муштаракро амалӣ сохтан зарур аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






