НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ВАЗОРАТ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанд рӯз пеш дар вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ кушода шуд. Дар он маҳсулоти бештар аз 130 корхонаи саноатии мамлакат намоиш дода мешавад. Сармутахассиси раёсати илму техника ва технологияи вазорат Ҳусниддин Набиев зикр кард, ки дар ин ҷо қариб 480 намуди маҳсулот ва акси навъҳои гуногуни маснуоти корхонаҳои саноатии мамлакат намоиш дода мешаванд. Яке аз онҳо корхонаи брикетбарорӣ мебошад. Маҳсулоти корхона асосан барои гарм кардани хонаҳо истифода бурда мешавад. Дар шӯъбаҳои дигари намоишгоҳ маҳсулоти корхонаю муассисаҳои истихроҷи маъдан, фулузгудозӣ, фулузоти ранга, корхонаҳои саноати кимёвӣ, сабук, озуқа ва ғайра пешкаши тамошобинон гардонда мешавад. Ҳ. Набиев зикр кард, ки ояндаи наздик дар заминаи намоишгоҳ осорхонаи маҳсулоти саноатӣ ташкил карда хоҳад шуд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






