НАСБИ ХАТИ ҚУБУРИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ШӮРОБОД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон насби хати қубури оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шӯрободро маблағгузорӣ кард. Аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария тавассути ҷудо намудани грантҳои хурд амалӣ гардид. Аз рӯи лоиҳа, аз чашмаи мусаффо то манзили зисти сокинони ҷамоати Чагами ноҳияи Шӯробод қубур гузаронида шуда, об бидуни воситае ба он ҷорӣ мегардад ва аз он 700 хонавода истифода мебаранд. Дар амалисозии лоиҳа Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ранҷбар» саҳми назаррас гузошт. Барномаи Швейтсария оид ба грантҳои хурд аз соли 2001 амалӣ гардида, шумораи умумии лоиҳаҳо то 200 адад мерасад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






