НИЗОМНОМАИ НАВИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ТАШХИСИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Тавре хабар дода шуда буд, 26 ноябри соли равон Низомномаи нави хизмати давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ қабул гардид. Дар он гуфта мешавад, ки минбаъд бачагони то 16 — сола бояд барои муқаррар намудани дараҷаи маъюбиашон на дар шифохонаҳо ва дармонгоҳҳо, балки дар муассисаҳои асосии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳри Душанбе ё муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои маҳалли истиқоматашон аз муоина ва ташхиси тиббӣ гузаранд. Роҳбари хадамоти мазкур Қурбон Асроров зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки то имрӯз дар идораи мазкур 138 ҳазор маъюб, аз ҷумла 38 ҳазор бачагон ва бештар аз 90 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат, иштирокчиёни амалиёти бартараф сохтани оқибати фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, иштирокчиёни амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон ва ҳомиёни сохти конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамаи онҳо мувофиқи низомнома ва тартиби дохилии кор вобаста ба гурӯҳи маъюбияшон дар давраҳои муайян такроран аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Аз рӯи қоида, муоинаи тиббиро духтурони ботаҷрибаи бемориҳои чашму дил, рӯҳу асаб, сил ва устухонбанд мегузаронанд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






