НОРАСОИИ ОБУ НУРӢ САБАБИ ИҶРО НАШУДАНИ НАҚША

Декабрь 2, 2008 08:41

            Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии  омори ҷумҳурӣ, иҷрои нақшаи пахта дар давоми се соли охир наздик ба  сад ҳазор тонна кам гардид, ки ин ба ду нақшаи солонаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баробар аст. Дар Вазорати кишоварзӣ сабаби паст шудани ҳосил ва иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар нарасидани обу нурӣ  донистанд. Дар охири моҳи ноябри соли 2006 дар ҷумҳурӣ 439 ҳазору 252 тонна пахта, дар  ҳамин муддат соли 2007 ба миқдори 417  ҳазору 485 тонна ва соли ҷорӣ ба андозаи 339 ҳазору 567 тонна  пахта  ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори  77  ҳазору 918 тонна ва нисбат ба соли 2006 99 ҳазору 685 тонна  камтар аст. Соли 2009 20 ҳазор гектар замини пахта кам карда шуда, аз ин ҳисоб кишти гандум зиёд карда шавад ҳам, нақшаи пахта  550 ҳазор тонна  боқӣ мемонад. 

Декабрь 2, 2008 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст