РОҲБАРИ ДАФТАРИ МАТБУОТИ ХАДАМОТИ ГУМРУК ДАР ШИФОХОНА ВАФОТ КАРД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Роҳбари дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдурасул Шарифов, ки дар натиҷаи фалокати нақлиёт сахт маҷрӯҳ шуда, дар шифохона табобат карда мешуд, шаби гузашта вафот кард. А.Шарифов 24 ноябр баъди рух додани фалокати нақлиёт ба Шифохонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи Дяков оварда шуд. Таҳқиқи тиббӣ нишон дод, ки косахонаи сари вай сахт ҷароҳат бардоштааст. Духтурон А.Шарифовро ҷарроҳӣ карданд. Номбурда дар давоми ин рӯзҳо дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Духтурон вазъи саломатии ӯро ниҳоят вазнин номиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






