САФАРИ О. ОҚИЛОВ БА МАСКАВ

Декабрь 11, 2008 10:42

         Душанбе, 11   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов имрӯз  барои  иштирок  дар  маҷлиси  22  — юми Шӯрои  байнидавлатии  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ба  шаҳри  Маскав  рафт, ки  пагоҳ,  12  декабр  кушода  мешавад.  Дар  ин маҷлис сарони   Ҳукуматҳои  мамлакатҳои  аъзои  ҷомеа   ширкат  меварзанд. Дар  доираи он   созишномаҳо  дар  бораи  таъсиси   низоми  умумии  таъминоти  иттилоотии  бозори  энергетикии  давлатҳои  аъзои  ҷомеа,  бунёди  низоми  иттилоотии  Ҷомеа   дар  соҳаи   танзими  техникӣ,  тадбирҳои  санитарӣ  ва  фитосанитарӣ,    амалӣ  сохтани  сиёсати  мувофиқашуда  дар  ин  соҳаҳо  ва протоколи   таъсиси  бозори  умумии   суғуртаи  давлатҳои  аъзои  ҷомеа   имзо  карда  мешаванд. Мақоми  олии  иттифоқи  гумрукӣ  дар  масъалаҳои   ташкили  Иттифоқи  гумрукҳо  силсилаи  қарорҳои  муҳим  қабул  хоҳад  кард. Дар  маҷлис  сарони  ҳукуматҳои  Белорусия,  Қазоқистон ва Русия   дар  масъалаҳои  танзими  арзишҳои  таарруфаю  гумрук,  беҳтар  сохтани  идораи  гумрукӣ ва  маълумоти омор,  танзими  техникии тадбирҳои  соҳавӣ 14 қарордоди байналхалқӣ  ва созишномаро дар  бораи котиботи   комиссияи  Иттифоқҳои  гумрукҳо имзо  хоҳанд  кард. Иштирокчиёни  маҷлис  масъалаи  андешидани   тадбирҳои  муштаракро  бо  мақсади  бартараф  сохтани  оқибати  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ  баррасӣ  менамоянд. Дар  ин  маҷлис  сарони  ҳукуматҳои   панҷ  давлати  аъзои  ҷомеа – Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия  ва  Тоҷикистон иштирок  менамоянд. 

Декабрь 11, 2008 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст