ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК БОРИ ДИГАР ҶИНОЯТ СОДИР КАРД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Сокини ҷамоати Демойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Нурия Солеҳбоеваи 36-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия шикоят кард, ки тақрибан соати 21-и шаб шахси номаълум аз ҳавлии шахсии ӯ як сар говро ба маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ дуздидааст. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Толибҷон Тошматов (соли таваллудаш 1972) содир кардааст. Бояд зикр намуд, ки ӯ пеш бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон доғи судӣ дошт. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нисбати ин амал парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтиши он идома дорад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






