СОЛИ ҶОРӢ АЗ КИШТИ ТАКРОРӢ 2 ҲАЗОРУ 316 ТОННА ҒАЛЛА БА ДАСТ ОМАД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, зироатҳои дар кишти такрорӣ истифодашаванда онҳое мебошанд, ки давраи нашъунамояшон кӯтоҳ буда, ба гармӣ тобоваранд. Ин зироатҳо то моҳи октябр пӯхта мерасанд ва то 15-уми ноябр онро даравида, кӯфтан мумкин аст. Ба гурӯҳи зироатҳои такрорӣ ҷуворимакка, гандуми навъи «Зафар», ҷави навъи «Ифтихор-86», шолӣ, мош, сояофтобпараст, марҷумак, кунҷид, лӯбиё ва арзан дохил мешаванд. Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ аз кишти такрорӣ 2 ҳазору 316 тонна ғалла, 24 ҳазору 226 тонна сабзавот, 5 ҳазору 275 тонна полезӣ ба даст омадааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






