ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО

Декабрь 22, 2008 16:12

                 Душанбе, 22 декабр.( АМИТ «Ховар», Людимла Дубинина).- Энергетикҳои тоҷик иди касбии худро бо дастовардҳои арзанда таҷлил менамоянд. Сардори раёсати электроэнергияи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Абдулло Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имрӯз ба шарафи иди касбии энергетикҳо дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб нерӯгоҳи хурди барқӣ ба кор дароварда мешавад. Иқтидори он 80 киловатт/ соат мебошад. Нерӯгоҳи мазкур деҳаи Харангон ва маҳалҳои маскунии атрофи онро бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард.               То охири сол дар мамлакат боз се нерӯгоҳи хурди барқӣ дар деҳаҳои Лангари ноҳияи Мастчоҳ, Сурхтеппаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб ба кор дароварда хоҳад шуд, гуфт Абдулло Қурбонов.

Декабрь 22, 2008 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд