ЯРМАРКАИ ҶОИ КОР ВА ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 декабр дар маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» ярмаркаи ҷои кору вазифаҳои холӣ баргузор мегардад. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ярмаркаи мазкур бо кӯмаки Биржаи меҳнат ҳамроҳи Агентии бо кор таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар ярмарка намояндагони корхонаю ташкилотҳои ҳамаи минтақаҳои мамлакат ширкат меварзанд. Ба бекорон дар корхонаю муассисаҳо ҷойҳои холии кор пешниҳод карда мешавад. Хоҳишмандон барои омӯхтани касбу ҳунарҳои нав ба курсҳои кӯтоҳмуддат ё омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ фиристода хоҳанд шуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






