ЗАНИ ҚАЛЛОБ ДАСТГИР ШУД
Қӯрғонтеппа, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати сокини ноҳияи Вахш Сабзагул Олматова аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушод. С.Олматова ба аз худ кардани маблағи калони қарз, расондани зарари моддӣ ба шахсони дигар ва соҳибкории ғайриқонунӣ гунаҳкор карда мешавад. Муфаттиши калони прокуратураи вилоят Баҳром Шомиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки С.Олматова солҳои тӯлонӣ ба боварии теъдоди зиёди одамон даромада, онҳоро фиреб дода, маблағи калонро қарз гирифта, барнагардондааст. Маблағи умумии бо роҳи фиреб азхуднамудани зани қаллоб қариб 600 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Ӯ акнун барои амалиёти ҷинояткоронааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






