ЗАНОНИ МО ДАР ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАНД?

Декабрь 24, 2008 11:22

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- 25 – 26-уми декабр дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ таҳти унвони «Зан — роҳбар» семинар гузаронида мешавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи кор бо зан ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳияи И. Сомонӣ Файзигул Юсупова иттилоъ дод, мақсади гузаронидани семинари мазкур тайёр намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд, фароҳам сохтани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқ ва кафолати иштироки баробарии занон дар ҳалли масъалаҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идоракунии давлат аст.  — Оё занони мо барои дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардан омода ҳастанд? Дар ин замина, заноне, ки дорои истеъдоду малакаанд, яъне ҳунари суханварию қобилияти ташкилотчигӣ доранд, бояд ба зинаи роҳбарӣ ҷалб карда шаванд,- гуфт ӯ.Бояд зикр намуд, ки дар семинар муовини раиси ноҳияи И. Сомонӣ З. Зокирова, мудирони шӯъбаҳои Кумитаи кор бо зан ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ У. Норов ва М. Шокирова, мудири шӯъбаи молияи ноҳияи И. Сомонӣ Д. Кенҷаев бо маърӯзаҳои «Санъати суханварӣ», «Технологияи иттиллоотию компютерӣ», «Стратегияи ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар ҶТ», «Моҳияти идоракунии давлатӣ. Асосҳои ҳуқуқии он» ва «Ҷараёни иҷроиши барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати гендерӣ» баромад мекунанд.    

Декабрь 24, 2008 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд