ЗОИРИ ҒАФС БА ДУШАНБЕ ОМАДААСТ
Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли 2009 аз таъсисёбии ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон 50 сол пур шуда, мактаби афғонистоншиносии Тоҷикистон дар миқёси собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мактабҳои фаъол ба шумор мерафт,- гуфт зимни мулоқоташ раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нуралӣ Саидов бо ҳайати намояндагони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва ҷавонони ин кишвар Зоири Ғафс ба Душанбе омадаанд. Дар ҷараёни мулоқот Нуралӣ Саидов зикр кард, халқҳои тоҷику афғонро аз қадимулаём робитаҳои муштараки забонию таърихӣ ва фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад. Мавсуф роҷеъ ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор сухан ронда, афзуд, ки Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон яке аз бахшҳои фаъоли ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фаврҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ва шумораи навбатии маҷаллаи «Дӯстӣ» -и ҷамъият пурра ба равобити ду кишвари ҳамзабон –Тоҷикистону Афғонистон бахшида мешавад. Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли оянда дар Афғонистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд. Дар навбати худ, роҳбари ҳайати фарҳангии Афғонистон Зоири Ғафс иброз дошт, ки мо ҷонибдори тавсеаи ҳамкории илму фарҳанги ду кишвари ҳамсоя ҳастем. Мо метавонем танҳо дар сурати рафту омадҳо ба кишварҳои ҳамдигар робитаҳои дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамкориро тақвият бахшем. Зеро густариши ҳар ҷомеаи мутамаддин дар заминаи ҳамкории судманд замина мегирад. Дар сӯҳбат раиси ҷамъияти Тоҷикистону Афғонистон Нур Табаров, ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Мирзоватан Миров ва дигар аъзои ҷамъият доир ба таҳкими робитаҳои фарҳанги байни ду давлати ҳамҷавор ибрози назар карданд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






