ҚОНУН ДАР ҲАМА МАВРИД БОЯД АМАЛӢ ШАВАД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз қабули Қонун дар бораи авфи молу мулки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон як солу ҳашт моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, на ҳама ба мафхуми он сарфаҳм рафт ва молу мулки худро қонунӣ гардонд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо котиби комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк Акрам Қаҳҳоров ҳамсӯҳбат шуд. Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» дар чист? — Мақсади қабули Қонуни мазкур ҷалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иқтисодӣ, муқаррар намудани соҳибони воқеии он, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Инчунин Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ташкили гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳоро аз ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқҳои алоҳидаи молу мулкиро муайян мекунад. Мафҳуми қонунигардонии молу мулк ин раванди барасмиятдарории ҳуқуқ ба молу мулке, ки аз гардиши иқтисодӣ бо мақсади пинҳон кардани фоида бароварда шудааст ва (ё) бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ ба расмиятдароварда нашудааст ё ба номи шахси дигар ба расмият дароварда шудааст, мебошад. Чаро Қонуни мазкур дар мӯҳлати таъиншуда амалӣ нагардид, ин нобоварии шаҳрвандон ба қонунигардонии молу мулк аст ё ин ки онҳо манфиату мақсади Қонунро дарк накардаанд? — Азбаски дар моҳҳои аввали соли 2008 комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби фаъолияти комиссияҳоро тавассути васоити ахбори омма дуруст ба роҳ намонда буд, аз ин лиҳоз мардуми деҳот аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» ва «Низомнома дар бораи Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк» бо пуррагӣ хабардор набуданд ва аз моҳияти Қонуни мазкур бехабар мондаанд. Амалӣ шудани қонун аз ҷониби комиссияҳои таъсисёфта хеле хомӯшона ҷараён мегирад. Шумо ба кори онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед? — Дар маҳалҳо комиссияҳо оид ба қонунигардонии молу мулк тибқи «Низомнома дар бораи комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 октябри соли 2007 №507 тасдиқ гардидааст, фаъолияти худро амалӣ намуда истодаанд. Корҳои фаҳмондадиҳии мақсаду мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», инчунин корҳои таблиғотӣ оид ба қонунигардонии молу мулк дар маҳалҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошанд. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо иштироки раисон ва котибони комиссияҳо оид ба қонунигардонии молу мулки шаҳру ноҳияҳо 28 майи ва 26 сентябри соли 2008 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов А.Ғ. оид ба рафти иҷрои қонуниградонии молу мулк ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта доир гардид ва комиссияҳо вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро оид ба амалӣ намудани қонун ҷоннок намоянд. Лекин бояд иброз дошт, ки кори комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо ҳозир ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Шаффофияти кори комиссияҳо дар чӣ зоҳир мегардад? Овозаҳо бозгӯи онанд, ки комиссияҳо ба ришвахорӣ даст мезананд, ин асосе дорад? -Фаъолияти комиссияҳо оид ба қонунигардонии молу мулк дар маҳалҳо тибқи «Низомнома дар бораи комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк» амалӣ карда мешавад. Дар Низомномаи мазкур тарз ва тартиби қабули муроҷиати шаҳрвандон, кадом намудҳои амволи ғайриманқул ва дигар намудҳои молу мулк қонунигардонида мешаванд, бо пуррагӣ дарҷ шудааст. Низомномаи мазкур дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп карда шуда буд. Инчунин аъзоёни комиссияи ҳамоҳангсоз дар телевизони ҷумҳуриявӣ ва аъзоёни комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо дар телевизон ва радиои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулк баромадаҳо намуда, моҳият ва мақсади қонуни мазкурро фаҳмонида додаанд. Нисбати овозаҳое, ки гӯё комиссияҳо оид ба қонунигардонии молу мулк дар шаҳру ноҳияҳо бе ришва кореро анҷом намедиҳанд, асосе надоранд. Масъалаи муроҷиати шаҳрванд дар комиссияе, ки аз 9 нафар аъзо иборат аст, баррасӣ карда мешавад ва ҳар як аъзои комиссия оид ба масъалаҳои соҳаи худ, хулосаи алоҳида ва таклиф пешниҳод менамояд. Бояд тазаккур дод, ки на ҳамаи аризаҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати 10 рӯзи муайян гардидаи банди 10 Низомнома дар бораи комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк дида баромада мешаванд. Ба ақидаи ман сабаби дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро нашудани қонуни мазкур дар он аст, ки аъзоёни комиссия аз ҷойи кори асосии худ муваққатан озод карда нашудаанд, аз ин лиҳоз аризаи шаҳрвандон дар мӯҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардида ба кашолакорӣ роҳ дода мешавад. 80 фоизи шаҳрвандон амволи қонунигардонӣ надоранд ва маълум аст, ки қонун ба манфиати мансабдорону амалдорон нигаронида шудааст. Шумо боварӣ доред, ки комиссияҳо онро бехотирбинӣ анҷом медиҳанд? — Ба ақидаи Шумо ман розӣ нестам, чунки дар ҷумҳурӣ тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молу мулк доранд, аз ин лиҳоз ин қонун ба ҳама шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки молу мулк (биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сотмонашон нотамом, инчунин молу мулки дигари ба молу мулки ғайриманқул баробарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок, воситаҳои нақлиёт, металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо) доранд, тааллуқ дорад. Мисоли равшан; шаҳрванд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дорад, ки дар он хонаи истиқоматӣ ва дигар объектҳои ёрирасон сохтааст, лекин сохтмонаш дар асоси риояи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда нашудааст, ин амал қариб, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз онҳо метавонанд ба комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк муроҷиат намуда, он иншооте, ки дар ҳудуди қитъаи замини наздиҳавлигӣ худсарона сохтаанд, қонунӣ гардонанд. Дар бандҳои 9-16 Низомнома дар бораи комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк тартиби кори комиссия муфассал оварда шудааст ва ман боварӣ дорам, ки комиссияҳо ҳамаи аризаҳои шаҳрвандонро бо тартиби тасдиқгардида, бехотирбинӣ анҷом медиҳанд. Қонунигардонии молу мулк дар муддати тамдидшуда, пурра амалӣ мегардад? Агар не, оқибати онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Мақсад аз қонунигардонии молу мулк ин нест, ки бояд ҳама ин амалро иҷро кунанд. Шахсоне, ки ҳама молу мулки онҳо дар доираи талаботи қонун ба расмият дароварда шуда бошад, молу мулки ин шаҳрвандон бе риояи тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардида, қонунигардонидашуда ҳисоб меёбад. Аз ин лиҳоз ба комиссия он шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ муроҷиат менамоянд, ки молу мулки онҳо то қабули қонуни мазкур сохта шудааст ва ё мавҷуд мебошад, дар доираи талаботи Низомномаи мазкур, ба расмият дароварда мешавад. Чи тавре, ки дар боло ишора шуд, Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ташкили гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҳуқуқҳои алоҳидаи молу мулкиро муайян мекунад. Агар он шаҳрвандоне, ки дар ин муддат молу мулки худро қонунӣ гардонида натавонистанд, он гоҳ онҳо дар доираи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва бо тартиби муқарраргардида он иншооту сохтмонҳои худсарона сохтаро ба низом медароранд. Ташаккур.