ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ТАМОШОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА» БЕҲТАР ХОҲАД ГАШТ
Кӯлоб, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муовини аввали ҶСШК «Телерадиоком»-и назди кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов мегӯяд, ки мавҷи телевизиони «Сафина» дар вилояти Хатлон тариқи канали 3 пахш карда мешавад, вале мавҷқабулкунаки шаҳрвандон ба канали 6-12 мутобиқ гардонида шудааст. Хуршед Ҳабибов илова намуд, ки таҷҳизоти мавҷпаҳнкунӣ, ки дар мавзеи «Тошрубот» мавҷуд аст иқтидораш паст мебошад. Охири соли 2008 аз ҷониби ҶСШК «Тоҷиктелеком» бо яке аз ширкатҳои Украина шартнома ба имзо расидааст, ки тибқи он дар семохаи аввали соли 2009 ду таҷҳизоти пурқудрати мавҷпаҳнкунӣ дар вилояти Суғд ва Хатлон васл карда мешавад, ки он имкон медиҳад, сифати мавҷпаҳнкунӣ дар вилоятҳои мазкур беҳтар гардид. Бояд гуфт, ки шаҳрвандони ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Шӯрообод барномаҳои телевизионии Ҷ. И. Афғонистонро тамошо мекунанд.








Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






