ГУЗАРОНИДАНИ НАМОИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2009

Январь 13, 2009 13:06

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ҳаҷми умумии хизматрасонии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2008-ум  3 миллиону 470,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 966,6 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд аст», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асанали Карамалиев 13 январи соли равон.            Ҳамчунин дар нишасти мазкур қайд гардид, ки дар соли равон зиёда аз 33 намоишгоҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар назар аст, ки дар соли 2009 ин нишондиҳандаро зиёд намоянд. То имрӯз палата гузаронидани 14 намоишгоҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, гузаронидани намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, ки оиди ин масъала гуфтушунидҳо давом доранд, гузаронидани Намоишгоҳи навбатии «ИтерЛегпром» дар шаҳри Душанбе, Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Белорус дар Душанбе дар назар аст.   

Январь 13, 2009 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст