МАҚОЛАИ БЕҲТАРИНРО $ 1000 ИНТИЗОР АСТ

Январь 27, 2009 15:57

             Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бахшида ба 30-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ва Рӯзи ҷашни миллии ин кишвар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтаринро дар байни рӯзноманигорони тоҷик эълон кард.             Аз Сафорати ин кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар озмун рӯзноманигорони матуботи давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон имкони иштирок карданро доранд.            Тибқи шартҳои озмун мавзӯи мақола бояд дар хусуси Инқилоби Исломии Эрон ва ё дастовардҳои он бахшида шавад. Мақолаи пешниҳодшуда бояд аз ду саҳифаи чопии маъмулӣ кам набуда, муаллифи мақола узви расмии яке аз нашриёти шинохташудаи Тоҷикистон бошад. Шарти дигари озмун чопи мақола дар яке аз нашрияҳои сертиражи Тоҷикистон то 10 феврали соли равон аст.             Муаллифи мақолаи беҳтаринро 1000 доллар, ғолиби зинаи дуюмро 700 доллар ва ҷойи сеюми озмунро 500 доллар интизор аст.  

Январь 27, 2009 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад