МУТАХАССИС БЕ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ, НАФАҚА ТАЪИН КАРД

Январь 12, 2009 12:15

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мутахассиси Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Фирӯз Давлатмуродов аз ваколатҳои хизматӣ суистифода намуда, ба шаҳрванд Максудов Асалбек бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, нафақа таъин намудааст. Дар ҷинояти мазкур сармутахасиси (бахши АДСИ) ҳамин шӯъба Ҷӯрахон Одилхонов ва роҳбари коперативи истеҳсолии  «Мадина-Т» Тӯрахон Исуфалиев низ даст доранд. Номбурдагон аз ваколатҳои хизматиашон истифода намуда, мӯҳри коперативи истеҳсолии ба номи О. Ҳошимовро ба дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд А. Мақсудов гузоштаанд, ки гуё ӯ аз соли 2006 то 6 феврали соли 2008 дар корхонаи коперативии мазкур кор карда бошад, аммо коперативи истеҳсолии ба номи О. Ҳошимов дар солҳои 2006-2007 тамоман фаъолият накардааст. Маблағи музди меҳнат барои 2-сол дар ҳаҷми 8400 сомонӣ аз кооперативи истеҳсолии «Мадина-Т» хароҷот карда шудааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ф. Давлатмуродов, Ҷ.  Одилхонов, Т. Исуфалиев тибқи моддаҳои 295, 314, 323  ва 340-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи бахши тафтишотии Шӯъбаи дар минтақаи Кулоббудаи Агентӣ тафтиш идома дорад.

Январь 12, 2009 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст