ТАВОЗУНИ САРМОЯИ БОНКҲО ЯК МИЛЛИАРДУ 9 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — «Қурби пулли милӣ дар соли 2008 устувор монд, фақат каме дар охири сол поён рафт. Бонки миллии Тоҷикистон дар аввали соли 2008 ба баъзе мушкилиҳо дучор шуда буд. Вобаста ба он Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) аз Бонки Миллӣ талаб намуд, ки маблағҳои дар асоси барномаи пешин дода шударо баргардонад. Имрӯз БМТ аз ХБА 7,4 миллион доллар қарздор аст, ки 5 феврали соли равон ин қарз бояд баргардонида шавад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Инчунин, қайд гардид, ки қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз бонкҳои хориҷӣ зиёд буданд ва дар соли 2008 дар натиҷаи сиёсати дурустӣ пулию қарзӣ, ин қарзҳо баргардонда шуданд. Дар соли 2008 дороиҳои бонк 8 фоиз зиёд шуда, ӯҳдадориҳо ҳамагӣ 2,6 фоиз зиёд гардид. Тавозуни сармояи тавозуни бонкҳо як миллиарду 9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз зиёд аст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






