ЁДНОМАИ АКАДЕМИК АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ ДАСТРАСИ ХОНАНДАГОН МЕГАРДАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бахшида ба 100 — солагии зодрӯзи академик Абдулғанӣ Мирзоев ва 50- солагии таъсисёбии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Чумҳурии Тоҷикистон китоби «Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев» аз чоп баромад. Маҷмӯа дар нашриёти «Дониш» нашр гардида, аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал чаҳор мақолаи чопнашудаи муҳаққиқи ховаршиноси шаҳири тоҷик А. Мирзоев, ки доир ба равобити афкори Аҳмади Дониш, Биноӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот медиҳад, ҷойгир шудааст. Дар бахши дуввум мақолаҳои сирф ихтисосӣ ва фарогири масъалаҳои илмии ховаршиносӣ, забоншиносӣ, фалсафӣ, рӯзноманигорӣ ва фарҳангӣ, ки дар асоси қазоват ва баҳодиҳӣ ба асарҳои бунёдии шарқшиноси тавоно навишта шудаанд ва баъзе масоили илмии ховаршиносии тоҷикро равшан месозанд, оварда шудаанд. Бахши саввум мақолаю хотираҳои ҳамкорону шогирдони устод ва мунаққидонро дар бар мегирад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






