«ҚОНУН ВА ҶОМЕА» — ЯКСОЛА ШУД

Февраль 5, 2009 11:57

               Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Ба таъсиси ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» — и вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 6 феврали соли равон як сол пур шуд.               Ҳафтанома хонандагонро бо муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангии ҷумҳурӣ ва олам шинос намуда, аз фаъолияти мақомоти қудратии кишвар пайваста маводи ҷолиб ба табъ мерасонад, инчунин, ҳайати эҷодии ҳафтанома шарҳи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои фаъолияти худ қарор додаанд.               Дар ҳафтанома ҷой додани саҳифаҳои «Маърифати ҳуқуқӣ», «Оина», «Пурсед, ҷавоб медиҳем», «Ҳаводис» гувоҳи гуфтаҳои болоӣ мебошанд.               Ҳамчунин саҳифаҳои «Шаҳдрези аҷам», «Ворисони Рӯдакӣ», «Фароғат», «Дарси ахлоқ» хонандагони ҳафтаномаро бо осори гаронбаҳои мутафаккирони гузаштаю имрӯза ошно намуда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, эҳтиром ба диёри аҷдодӣ ва ҳифзи марзу буми он саҳми босазо мегузорад.               Дар ҳафтанома баробари қаламкашони варзида узви Иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Иззатбеки Идизод, аъзои Иттифоқи рӯзноманигорон Тӯҳфа Расулӣ, Моҳира Аҳмад, рӯзноманигорони ҷавону хушсалиқа Умеди Олим, Дилшоди Абдӣ, Зӯҳрои Шовалӣ ва дигарон фаъолият доранд.                Подполковники милиса Ислом Нозимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» 11 ҳазор нусха чоп мешавад ва он дар саросари мамлакат паҳн мегардад. Бобати баланд бардоштани мазмуну мундариҷаи ҳафтанома ва ба завқу талаботи хонандаи имрӯза мувофиқ сохтани он мо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем, гуфт И.Нозимов.                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 5, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд