ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО НАТО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
11 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд. «НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯи таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», — изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеъи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ сурат гиранд. Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ҳамгироии он ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баҳои баланд дод. Дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва нақшахои дигари ҳамкорӣ бо НАТО оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сархадбонони точик, хамгирои бо сархадбонони афгон, омода кардани кадрхои низоми ва гузарондани тадкикоти илми гуфтугуи судманд сурат гирифт. Таваччухи зиёд ба истифодаи потенсиали НАТО дар татбики лоихахои гидроэнергетики Точикистон зохир карда шуд. Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси НАТО дар Тоҷикистон, таъсиси Маркази наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офатҳои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуд. Масоили омодаги ба чаласаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ»-и НАТО, ки имсол дар Остона баргузор мегардад,, низ барраси шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер даъват намуд, ки ба Точикистон бо сафари расми ташриф биёрад. Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии илмию техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Тоҷикистон ба ҷараёни татбиқи Хартияи Энергетикӣ ва Аҳдномаи он чун узви фаълу комилҳуқуқи он таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд, зеро ин санадҳо пояи устувори ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика дар минтақаи бузурги Осиёву Аврупо ташкил менамоянд", — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Зарурати ҳамкорӣ дар самти кашф ва истифодаи конҳои нафту газ ва ангишти Тоҷикистон низ талаби рӯз номида шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Котиботи Хартияи Энергетикӣ дар густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои судманди энергетикӣ саҳми намоён мегузорад. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар Хартияи Энергетикӣ шӯъбаи гидроэнергетика низ кушода шавад ва дар он намояндаи Тоҷикистон низ бошад. Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Брюсели шоҳигарии Бельгия иттилоъ дод.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






